Пайвандҳои дастрасӣ

Райс: Шӯрои амнияти СММ аз мардуми Сурия дифоъ накард


Сюзан Райс

Сюзан Райс

ИМА мегӯяд, ки мавқеи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурия ба дифоъ аз мардуми осоишта мусоидат накард. Дар робита ба ин, Вошингтон пешниҳоди нав дар мавриди таҳримҳо алайҳи режими Башор Асадро ироа намуд.

Намояндаи доимии Амрико дар СММ Сюзан Райс дар нишасти Шӯрои амният изҳор намуд, ки ин ниҳоди Созмони Милал дар мавқеъи интизор қарор дорад, дар ҳоле, ки бояд барои хатми хушунат дар Сурия аз чораҳои қатъӣ кор бигирад. Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, беш аз як сол боз Шӯрои амният ба дифои мардуми осоиштаи Сурия аз саркӯбии бераҳмонаи ҳукумати Димишқ муваффақ намешавад. Дар ин муддат, ба гуфтаи хонум Райс, вазъ дар Сурия хатарбортар шудааст.

ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон моҳҳои ахир чандин бор хостори таҳримҳои ҷиддӣ алайҳи режими Башор Асад шуданд ва аммо Русия ва Чин ба тарҳи ин қатъномаҳо вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG