Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ бар асари ду инфиҷор дасти кам даҳ нафар ба ҳалокат расиданд.

Таркиши аввал дар як фурӯшгоҳи шаҳри Бақуба, воқеъ дар шимолу шарқи Бағдод, мунҷар ба ҳалокати чаҳор нафар ва ҷароҳат бардоштани чанд каси дигар гардид.

Ба думболи он дар канори варзишгоҳи шаҳри Ҳилла, воқеъ дар ҷануби пойтахти Ироқ, як автобуси хурд мунфаҷир шуд, Дар ин ҳодиса дасти кам шаш нафар кушта ва тақрибан 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ин таркишҳоро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG