Пайвандҳои дастрасӣ

Қибрис панҷумин кишвари узви ин минтақа гардид, ки хостори кӯмаки молиявии Иттиҳодияи Аврупо бар асари бӯҳрони қарзӣ шудааст.

Дар бораи дархости Қибрис расонаҳо рӯзи душанбе хабар доданд – ҳамон рӯз Оҷонси Фитч рейтинги кишварро то ҳадде поён бурд, ки аз таҳдиди варшикастагии иқтисоди Қибрис дарак медиҳад.

Рӯзи душанбе Испания ҳам расман хостори гирифтани қарз барои эътидол дар системи бонкии кишвар шуд. Мадрид аз Итиҳодияи Аврупо 100 миллиард евро қарз гирифтан мехоҳад, созиши пешакӣ дар бораи тахсиси ин қарз ҳосил шудааст.
XS
SM
MD
LG