Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: Русия зидди мудохила ба умури Ховари Миёна аст


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, баъд аз мулоқот бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху дар Байтулмуқаддас, изҳор намуд, ки Маскав мухолифи дахолати беруна ба равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла, дар Сурия аст.

Ӯ ҳамчунин аз Исроил ва Фаластин даъват кард, ки ба хотири ҳалли низоъ сари мизи музокирот баргарданд. Путин ва Нетаняху ҳамчунин мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ карданд ва аммо дар ин бора ҷузъиёте нашр нашудааст.

Имрӯз сарвари Русия дар Каронаи бохтарии руди Урдун бо раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG