Пайвандҳои дастрасӣ

Мурсӣ музокирот оид ба ташкили ҳукуматро шурӯъ кард


Раисиҷумҳури тозаинтихоби Миср Муҳаммад Мурсӣ музокирот бо нерӯҳои сиёсӣ дар мавриди ташкили ҳукумати навро шурӯъ кард.

Ҳукумати Миср, ки ба он нахуствазир Камол ал-Ғанзурӣ сарварӣ мекард, баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба истеъфо рафт. Муҳаммад Мурсӣ, номзади ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ваъда дод, ки ҳукумати нав эътилофӣ хоҳад буд ва ба на фақат намояндагони аҳзоби исломӣ, балки насрониҳо ва чапгарову либералҳо низ шомил хоҳанд шуд. Қарор аст, ки занҳо низ дар ҳукумати нав чанд курсиро ишғол кунанд.

Дирӯз Муҳаммад Мурсӣ бо раиси Шӯрои олии низомӣ фелдмаршал Ҳусейн Тантавӣ ва дигар аъзои Шӯро дидору гуфтугӯ дошт. Шӯрои олии низомӣ чанде пеш парлумонро пароканда кард ва ваколатҳои қонунбарориро дар ихтиёр гирифт.

Кишварҳои ғарбӣ Мурсиро бо пирӯзӣ табрик гуфтанд ва ба зарурати идомаи ислоҳоти демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар дар Миср таъкид намуданд.
XS
SM
MD
LG