Пайвандҳои дастрасӣ

Путин сафари Исроилро оғоз намуд


Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу

Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу

Низоъ дар Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон дар маркази гуфтушуниди президенти Русия Владимир Путин бо раҳбарон Исроил қарор хоҳад дошт. Рӯзи душанбе аснои вуруд ба Исроил Путин бо президенти Исроил Шимон Перес вохӯрда, дар шаҳри Нетаня дар маросими ифтитоҳи расмии муҷассама бахшида ба пирӯзии Артиши Сурх бар фашистони Олмон ширкат варзид.
Сипас президенти Русия бо сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу дидору гуфтугӯ дошт. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Путин гуфт, ба фикри ӯ ягона роҳи ҳалли мушкили Сурияву Эрон музокирот аст.
Рӯзи сешанбе Путин ба соҳили ғарбӣ ва Урдун сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG