Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири нерӯи Эрон мегӯяд, кишвараш дар транзити барқи Тоҷикистон ба Туркия ва Аврупо ёрӣ хоҳад кард.

Масъалаи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон ва ҳамчунин мусоидати давлати Эрон барои фароҳам овардани шароит ба содироти барқи изофии Тоҷикистон ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ, ки дар ин чанд муддати ахир дар расонаҳои байнулмилалӣ матраҳ мешавад, коршиносон ва мутахассисини тоҷикро низ дар канор нагузоштааст.

Тоҷикистон бо он ки имконоти содироти то 4 миллиард киловатт соат нерӯи барқро дар сол, бахусус дар фасли тобистон дорад, ҳамеша дар ҷустуҷӯи бозори муносиби фурӯши ин нерӯи изофист.

Барои интиқоли барқи Қирғизистон ба Афғонистон тавассути Тоҷикистон имкониятҳо вуҷуд доранд аммо дар ҳоли ҳозир чанд мушкили фаннӣ дар миён аст, ки барои бартараф кардани онҳо ҳарду ҷониб бояд тавофуқ ва талош кунанд.

Рашид Гулов, як масъули ширкати «Барқи тоҷик» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Қирғизистон имконият дорад, ки тавассути зеристгоҳи «Датка»-и худ барқи изофиашро ба навоҳии қисмати шимолии Тоҷикистон содир кунад:

- Агар Қирғизистон хатҳои интиқоли барқ созад ва агар зеристгоҳи "Датка" бо зеристгоҳи Хуҷанд пайваст шавад ва аз ҷануби Қирғизистон ба шимоли ин кишвар барқ содир шавад (асосан нерӯгоҳҳои барқӣ дар шимоли Қирғизистон ҷойгиранду фаъолият мекунанд), дар он ҳолат мумкин аст барои доду гирифти барқ шароитҳо муҳайё шавад. Ҳозир чунин имкониятҳо нест.

Ҳамин манбаъ афзуд, ки бар ивази барқи воридотии Қирғизистон Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби тавлидоти худ ба Афғонистон нерӯи барқ содир кунад.

Аммо Мирзошариф Исломиддинов, собиқ раиси Кумитаи энергетика ва саноат дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки мушкили нақшаи мазкур ин аст, ки интиқоли барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикикистон ба Афғонистон мавсимист. Яъне танҳо дар фасли тобистон барқи изофӣ ба даст меояд, ки барои фурӯши он бозор лозим аст ва ин бозор албатта Афғонистон буда метавонад. Аммо ҷаноби Исломиддинов гуфт, ки ҳоло дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 14-15 миллион киловатт-соат нерӯи барқи изофӣ тавлид мешавад дар ҳоле ки Афғонистон аз ин миқдор ҳамагӣ як миллион бештар харидорӣ мекунаду халос.

- Ин чиз имконпазир аст, дар он ҳолате ки дар фасли тобистон Эрон ва ё Туркия тавонад барқи изофии моро гирифта барои эҳтиёҷоти худ сарф намояд. Лекин дар фасли зимистон аз моҳи сентябр то моҳи май ва ҳатто аввали июн мо барқи зиёдатӣ надорем. Талабот бар ҳамин 14-15 миллион кв.соат барқи изофие, ки ҳоло дар шабонарӯз тавлид мешавад. Ва бо кадом сабабҳо Афғонистон дар шабонарӯз ҳамагӣ яку аз даҳ се ва ё яку аз даҳ панҷ миллион мегираду халос? - афзуд ӯ.

Сӯҳбатҳо дар бораи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳоле дар расонаҳо нашр мешаванд, ки давлати Эрон омодагии худро барои содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ изҳор доштааст.

Вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯ рӯзи якшанбе ба шабакаи “ПрессТВ”-и кишвараш гуфт, Теҳрон бо Душанбе сари тарҳе гуфтушунид дорад, ки бар пояи он Эрон метавонад, солона 500 киловолт нерӯи барқи Тоҷикистонро ба Туркия ва кишварҳои Аврупо интиқол диҳад.

Мирзошариф Исломиддинов, собиқ раиси Кумитаи энергетика ва саноат дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки чунин нақша амалишаванда аст. Аммо боз ҳам масъала ин ҷост, ки мо дар ҳоли ҳозир танҳо дар тобистон метавонем ба хориҷ аз кишвар барқ содир намоем, дар ҳоле ки барои иҷрои чунин нақшаҳо маблағи зиёд масраф мешавад. Ҳарчанд, афзуд ҷаноби Исломиддинов, на танҳо Туркия ва кишварҳои аврупоӣ, балки худи Эрон ҳам ниёз ба нерӯи барқ дорад.

Зимнан, тарҳи содироти барқи Тоҷикистон ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ бо мусоидати Эрон як барномаи нави ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Эрон гуфта мешавад. Дар ҷараёни иҷлоси нӯҳуми куммиссиюни ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон охирҳои моҳи майи соли равон байни ду кишвар 5 қарордод имзо шуда, бунёди лӯлаҳои нафту газ аз Эрон ва об аз Тоҷикистон аз бандҳои меҳварии ин созишҳо буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG