Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё дар бозии дувумаш бар тими Молдив бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “С” бегоҳи душанбе, 25-уми июн дар шаҳри Малаккаи Малайзия, дар варзишгоҳи Hang Jebat Stadium баргузор шуд.

Нахуст бозигари тими Молдив Имааз Аҳмад дар замони изофии нимаи аввали дидор (45+1) ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон гол зад. То дақиқаи 81-ум ҳисоб 1:0 ба фоидаи молдивиҳо буд. Нӯҳ дақиқа қабл аз анҷоми замони асосӣ Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози тоҷик, ҳисобро баробар кард. Тӯби ҳалкунандаро Ториқ Муҳаммад, ҳимоятгари Молдив, дар замони изофӣ (90+4) вориди дарвозаи дастааш намуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буд. Дар ду бозии дигари даври дувуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” Кувайт бар Баҳрайн бо ҳисоби 1:0 ва Эрон бар Қатар бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дар ин гурӯҳ мунтахаби Эрон бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. Тимҳои Кувайт, Баҳрайн, Қатар ва Тоҷикистон 3-имтиёзӣ гирифтаанд. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаии охирин ҷойгир шудааст.

Дар даври севуми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи 28-уми июн Тоҷикистон бо Кувайт, Молдив бо Эрон ва Баҳрайн бо Қатар рақобат хоҳанд кард.

Бозиҳои гурӯҳи “С”:

Даври 1-ум
Баҳрайн – Тоҷикистон – 2:1
Қатар – Молдив – 2:0
Эрон – Кувайт – 1:0

Даври 2-юм
25-уми июн (душанбе)
Баҳрайн – Кувайт – 0:1
Эрон – Қатар – 2:1
Тоҷикистон – Молдив – 2:1

Даври 3-юм
28-уми июн (панҷшанбе)
Кувайт – Тоҷикистон
Молдив – Эрон
Баҳрайн – Қатар

Даври 4-ум
30-юми июн (шанбе)
Қатар – Кувайт
Молдив – Баҳрайн
Эрон – Тоҷикистон

Даври 5-ум
3-юми июл (сешанбе)
Кувайт – Молдив
Тоҷикистон – Қатар
Баҳрайн – Эрон

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) бо ширкати 35 даста дар шаш гурӯҳ ҷараён дорад. Натоиҷи бозиҳо дар гурӯҳҳои дигар чунин аст:

Гурӯҳи А
Даври якум: Умон – АМА – 0:2. Ҳиндустон – Лубнон – 5:2. Ироқ – Туркманистон – 4:0.
Даври дувум: Ироқ – Ҳиндустон - 2:1, АМА – Туркманистон - 1:0, Умон - Лубнон - 3:2.

Гурӯҳи В
Даври якум: Покистон – Арабистони Саудӣ– 1:0. Фаластин – Шри-Ланка – 1:1. Сурия – Қирғизистон – 1:0.
Даври дувум: Покистон – Шри-Ланка - 0:0, Сурия – Фаластин - 2:1, Арабистони Саудӣ - Қирғизистон - 1:0.

Гурӯҳи D:
Даври 1-ум. Яман – Урдун– 0:4. Непал – Бангладеш – 4:1.
Даври 2-юм. Бангладеш – Узбакистон – 1:2. Непал – Яман – 0:1.
Даври 3-юм. Узбакистон – Непал – 4:2. Урдун – Бангладеш – 3:0.
Даври 4-ум. Урдун – Непал – 3:0. Яман – Узбакистон – 1:1.
Даври 5-ум. Бангладеш – Яман – 1:5. Узбакистон Урдун – 1:3

Дар ин гурӯҳ Урдун бо 12 имтиёз мақоми аввал ва Узбакистон бо 7 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Гурӯҳи F
Даври якум: Тайланд – Кореяи Шимолӣ – 2:4. Ҳонконг – Камбоҷа – 2:3. Чин – Лаос – 2:0.
Даври дувум: Чин Ҳонконг – 5:1, Тайланд – Камбоҷа – 4:0, Лаос – Кореяи Шимолӣ - 1:2

Гурӯҳи G
Даври якум: Малайзия – Кореяи Ҷанубӣ – 2:3. Мянмар – Филиппин – 5:1. Вйетнам – Тайван – 1:2.
Даври дувум: Малайзия – Филиппин – 7:0, Кореяи Ҷанубӣ – Тайван – 8:1, Мянмар - Вйетнам - 3:1

Сабқати гурӯҳи E бо ширкати 6 дастаи мунтахаб – Австралия, Индонезия, Ҷопон, Макао, Сингапур ва Тимор аз 5-ум то 15-уми июл дар Индонезия баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG