Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Афғонистон


Мансабдорони афғон мегӯянд, рӯзи душанбе дар Академияи полиси ҷануби Афғонистон беш аз 40 афсари полис заҳролуд шуданд. Сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд Довуд Аҳмадӣ таъкид кард, ки афсарон баъди хӯрок субҳ худро бад ҳис кардаанд.
Ӯ афзуд, ки афсарони заҳролудшударо ба бемористони низомӣ интиқол додаанд: ҳоли яке аз онҳо вазнин ва дигарон рӯ ба беҳбуд мебошад. Ба қавли Аҳмадӣ мақомот сарчашмаи заҳролудшавиро таҳқиқ доранд.
Ахиран дар шимол ва ҷанубу шарқи Афғонистон чанд ҳодисаи шабеҳ ба вуқӯъ пайваста буд, ки бар асари он асосан духтарони мактабхон заҳролуд шуда буданд.
XS
SM
MD
LG