Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори сарбози Италия дар Афғонистон


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ва сарвазири Италия Марио Монтӣ дар Афғонистон.
Соли 2012
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ва сарвазири Италия Марио Монтӣ дар Афғонистон. Соли 2012
Дар тамрингоҳи Адраскони ғарби Афғонистон бар асари як таркиш як сарбози Италия кушта ва ду низомии дигари ин кишвар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати мудофиаи Италия мегӯяд, сарбозон ба воҳидҳои полиси низомӣ марбут буда, ба полиси афғон кумак мерасониданд.
Ба қавли ҳамин манбаъ таркиш тасодуфӣ набуда, сарбозон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Ба навиштаи хабаргузории Франс пресс аз соли 2001-ум ба ин тараф дар Афғонистон камаш 51 сарбози Италия ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG