Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни Озодӣ: Ба саволи якум касе посухи саҳеҳ надод


Радиои Озодӣ бахшида ба мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012 барои мухлисони футбол озмун эълон карда буд.

Ба ин озмун ҳамагӣ 105 нафар ҷавобҳои худро тавассути почтаи электронии tajikweb@rferl.org фиристодаанд.

Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод шуда буд.

1. Чаҳор дастаеро номбар кунед, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд?
2. Кадом дастаҳо ба финал мебароянд ва ҳисоби бозии ниҳоиро пешгӯӣ кунед.
3. Кӣ беҳтарин нишонзан мешавад ва чанд гол мезанад?

Имрӯз пешгӯиҳои мухлисон ба саволи аввал натиҷагирӣ шуд. Мутаассифона, ягон нафар ба ин савол посухи саҳеҳ надодааст, яъне чаҳор дастаро дуруст номбар накардааст.

12 нафар - Самир, Рустам, Сафар, Alex,Till (ҳама аз Душанбе), Фирӯз (Хуҷанд), Акмал (Исфара), йигити Кӯлобӣ ва Баха (ҳарду аз Кӯлоб), Умар аз Файзобод, Умед аз TJK, Фаррух аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз чаҳор даста сетоашро дуруст ном бурдаанд. Вале онҳоро дастаҳои Ҳолланд, Фаронса, Инглистон, Русия ва Дания ба иштибоҳ андохтаанд.

Дастаҳои Португалия, Олмон, Испания ва Италия ба даври ниманиҳоии Ҷоми Аврупо-2012 роҳ ёфтаанд. Шаби 27-уми июн дар бозии аввали ниманиҳоӣ дастаҳои Португалия ва Испания дар шаҳри Донетски Украина ва шаби 28-уми июн дастаҳои Олмон ва Италия дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава рақобат мекунанд.


Посухҳо ба саволи дувум баъди анҷоми бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 29-уми июн натиҷагирӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG