Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти ҳукумати Туркия пеш аз маҷлиси НАТО


Имрӯз ҳукумати Туркия ба хотири арзёбии ҳамлаи Сурия болои ҳавопаймои ҷангии ин кишвар ҷаласа доир мекунад. Рӯзи ҷумъа бидуни огаҳии пешакӣ Сурия дар фазои байналмилалӣ як ҳавопаймои ҷангии Туркияро сарнагун карда буд.
Рӯзи сешанбе дар ҷавоб ба дархости Туркия кишварҳои аъзои паймони НАТО дар як ҷаласаи изтирорӣ ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд.
Равобити Туркия ва Сурия хеле сард шудаанд, зеро мақомоти Анкара бо ишора ба таъқиби хунини эътирозҳои мухолифини ҳукумати Сурия барканории президенти ин кишвар Башор ал-Асадро дар миён гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG