Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи фаромарзии Толибон ба посгоҳҳои покистонӣ


Саҳнаи бархӯрд дар шарқИ Афғонистон
Саҳнаи бархӯрд дар шарқИ Афғонистон
Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, рӯзи якшанбе тахминан 100 толиби силоҳбадаст аз Афғонистон ба Покистон убур намуда, болои се посгоҳи низомии ин кишвар ҳамла карданд.Ба қавли ҳамин манбаъ дар натиҷаи ҳамла камаш 11 силоҳбадаст ва шаш сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳамла тақрибан 40 дақиқа идома дошта, дар минтақаи Сони Дари ноҳияи Дири Боло ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар сӯҳбат бо Радиои Машъал сухангӯи Толибон тасдиқ кардааст, ки масъулияти ҳамла бар дӯши Толибон аст. Вақтҳои ахир ин гуна ҳамлаҳои фаромарзии Толибон аз шарқи Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Сарбозони амрикоӣ беруншавӣ аз шарқи Афғонистонро соли гузашта шурӯъ карда буданд.
XS
SM
MD
LG