Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо Исроил умури атомии Эронро баҳс мекунад


Владимир Путин-президенти Русия
Владимир Путин-президенти Русия
Имрӯз дар Байтулмуқаддас ҳангоми мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу барномаи ҳастаии Эрон мавриди баҳс қарор мегирад. Бо ишора ба саркашии Эрон аз қатъи ғанигардонии уран Исроил ва кишварҳои ғарбӣ талаб кардаанд, ки ҷумҳурии исломӣ бо таҳрими шадидтар мувоҷеҳ гардад.
Русия чор давраи гузаштаи афзоиши таҳрими Эрон аз сӯи СММ-ро дастгирӣ кардааст, вале акнун ҳамроҳ бо Чин ба тавсеаи таҳрим муқовимат дорад.
Моҳи равон дар Маскав гуфтушуниди Эрон бо шаш кишвари абарқудтар бенатиҷаи мусбат ба анҷом расид. Ҳоло Исроил ҳамлаи ҳавоӣ болои корхонаҳои ҳастаии Эронро аз эҳтимол дур намедонад. Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи сешанбе Путин ба манотиқи таҳти назорати фаластиниҳо ва Урдун сафар кунад.
XS
SM
MD
LG