Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири нерӯи Эрон мегӯяд, кишвараш ба транзити барқи Тоҷикистон ба Туркия ва Аврупо ёрӣ хоҳад кард.

Вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯ рӯзи якшанбе ба шабакаи “ПрессТВ”-и кишвараш гуфт, Теҳрон бо Душанбе сари тарҳе гуфтушунид дорад, ки бар пояи он Эрон метавонад, солона 500 киловолт нерӯи барқи Тоҷикистонро ба Туркия ва кишварҳои Аврупо интиқол диҳад.

Вай афзуд: “Бо ворид кардани нерӯи барқи арзон аз бархе кишварҳои ҳамсоя мумкин аст ин нерӯ ба кишварҳое, ки ба чунин нерӯ эҳтиёҷ доранд, содир карда шавад.”

Барои ин, гуфт ҷаноби Номҷӯ, бояд шабакаи барқи Эрон ба воситаи Афғонистон бо шабакаи барқи Тоҷикистон васл карда шавад. “Бо ин мақсад хатҳои интиқоли барқ дар байни се кишвар сохта ва созиш байни се кишвар – Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ниҳоӣ хоҳад шуд.”

Ин тарҳи нави ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ҷараёни иҷлоси нӯҳуми куммиссиюни ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон охирҳои моҳи майи соли равон байни ду кишвар 5 қарордод имзо шуда, бунёди лӯлаҳои нафту газ аз Эрон ва об аз Тоҷикистон аз бандҳои меҳварии ин созишҳо буданд.

Рӯзи сешанбеи 12-уми июн масъули равобити байнулмилалии Вазорати нерӯи Эрон, Абдулҳамид Фарзом гуфт, Эрон нақша дорад, шабакаи барқи худро бо шаш кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафғқоз пайванд кунад. Вай афзуд, аз ҷумла Теҳрон ва Ишқобод ба созиш расиданд, ки ду хатти нави интиқоли барқ созанд, ки ҳар кадом 400 киловолт нерӯро интиқол хоҳад дод. Ин хатҳо ба Эрон имкон медиҳанд, бо Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон табодули нерӯ кунад.

Эрон мақсад дорад, ба яке аз бюузургтарин содиркунандагони нерӯит барқ дар минтақа табдил ёбад ва тасмим гирифтааст, барои се тарҳи ҷудогона 1 миллиарду 100 миллион доллар ба харҷ диҳад. Дар ҳоли ҳозир Эрон бо Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия ва Туркманистон хатҳои муштараки интиқоли барқ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG