Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвориҳои ҷаҳон аз раисиҷумҳури нави Миср


Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Миср
Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Миср

Бо раисиҷумҳури Миср шудани Муҳаммад Мурсӣ ин суол чарх мезанад, ки онҳо аз роҳи исломӣ хоҳанд рафт, ё дунвият.

Баъди садри Миср интихоб шудани Муҳаммад Мурсӣ назарҳо оид ба сӯи дунявият ё исломгароӣ роҳ гирифтани ин кишвари арабӣ ҳамоно зиддунақиз аст.

Ҳарчанд Мурсӣ дар нахустин паём баъд аз эълони расмии пирӯзияш эълом дошт, ки “раисиҷумҳури ҳама мисриҳо мешавад” ва “кишвараш ҳама ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро хоҳад кард”, баъзе таҳлилгарон ба он нукта ишора мекунанд, ки ҳадафи ниҳоии “Ихвонулмуслимин” ба як кишвари комилан исломӣ ва арҷгузор ба қавонини шариат табдил шудани Миср аст.

Дар ҳамин ҳол, вокунишҳо баёнгари онанд, ки раҳбарони кишварҳои ҷаҳон умедворанд Муҳаммад Мурсӣ аз хираду арҷгузорӣ ба демократияву озодиҳои шаҳрвандон кор мегирад. Мақомоти Исроил изҳор намуданд, ки “раванди демократӣ дар Мисрро қабул дорад ва ба натиҷаҳои он арҷ мегузорад”. Дафтари нахуствазир Бенямин Нетаняҳу гуфт, “умедвор аст, ки ҳамкорӣ бар асоси созиши сулҳ миёни ду кишвар идома хоҳад кард”. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё Муҳаммад Мурсиро табрик карда ва ин рӯзро “лаҳзаи таърихӣ барои Миср” хонд.

Вале ин умедвориҳо то куҷо воқеиянд ва раҳбари нави Миср аз кадом сиёсати дохиливу хориҷӣ кор хоҳад гирифт? Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон мегӯяд, Мурсӣ, устоди донишгоҳи муҳандисии Қоҳира, соли 1977-ум ба ҷунбиши “Ихвонулмуслимин” пайваст ва барои фаъолияти сиёсияш чанд муддатро дар зиндон сипарӣ кардаст. Ӯ ба ҷиноҳи тундгарои ин ҷунбиш тааллуқ дошт, вале баъди номзади мақоми раисиҷумҳури Миср шуданаш саъй кард, ки мавқеи худро тағйир диҳад ва ҳоло ӯро чун исломгарои мӯътадил ном мебаранд.

Ба гуфтаи Нуризода, он гоми Мурсӣ, ки баъд аз пирӯзияш аз “Ихвонулмуслимин” берун омад, баёнгари ҳушёр будани ӯст ва медонад, ки пойбасти як созмони исломӣ будан барояш мушкил эҷод хоҳад кард, ба вижа, ки тақрибан нисфи афроди соҳиби ҳаққи раъй ба тарафдории рақиби ӯ Аҳмад Шафиқ овоз додаанд.“Ӯ ваъда додааст, ки як ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунад. Мурсӣ эълом дошт, ки ҳатман як муовин аз ҳисоби занҳо ва як муовин аз ҳисоби насрониҳои қиптӣ хоҳад дошт ва ҳамчунин раҳбари кобинаи вазиронро бар дӯши як шахси мустақил вогузорад”,-мегӯяд мусоҳиби мо.

Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Дар ҳамин ҳол Алиризо Нуризода, роҳ сӯи исломгароӣ гирифтани сарвари нави Мисрро байид медонад ва мегӯяд, ки ҳоло ӯ “ғайр аз майдон ва аъзои гурӯҳаш пуштибоне надорад, ҳатто қонун ҳам пуштибони ӯ нест, зеро Шӯрои олии низомӣ, ҳарчанд расман қудратро то охири моҳ дар ихтиёри раисиҷумҳури нав хоҳад гузошт, аз ваколатҳои зиёд бархурдор аст”. Ба гуфтаи таҳлилгар, Мурсӣ наметавонад эълони ҷанг кунад – дар ин бора бояд ҳатман Шӯрои олии низомӣ тасмим бигирад. Оғои Нуризода мегӯяд, ки ба ҳар сурат бояд интихоботи нави парлумонии Мисрро интизор шуд ва аммо байид ба назар мерасад, ки “Ихвон-ул-муслимин” ва дигар аҳзоби исломӣ чун дафъаи пеш бештари курсиҳоро соҳиб шавад, зеро маҳбубияташон дар ҷомеъа кам шудаст.

Аз сӯи дигар, меафзояд Алиризо Нуризода, рӯшан аст, ки ҳамсояҳои Миср, аз ҷумла, Исроил, аз интихоб шудани Муҳаммад Мурсӣ зиёд нигарон нестанд. Ба гуфтаи ӯ, “Муҳаммад Мурсӣ ва ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” дар музокироте, ки муддатҳо пештар бо амрикоиҳо доштанд, гуфта буданд, ки ҳеҷ қасди хуруҷ аз паймони сулҳ бо Исроилро надоранд”. Дигар ҳамсояҳо – Арабистони саудӣ, Урдун, кишварҳои ҳошияи Халиюи Форс ва дигар кишварҳои арабӣ ба интихоби Мурсӣ эътирозе надоранд, зеро мутмаинанд, ки Мурсӣ барои амалӣ кардани ормонҳои “Ихвон-ул-муслимин” ва ташкили як режими комилан догмаи исломӣ ё салафӣ сари қудрат наомадааст.
XS
SM
MD
LG