Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин хонуми саудӣ ба Олимпиада меравад


Арабистони саудӣ барои нахустин бор занони варзишгарро ба Бозиҳои олимпӣ мефиристад. Дар ин бора сафорати Саудӣ дар пойтахти Бритониё хабар дод. Ва аммо дар ин хабар фақат аз Долма Рушдӣ Малҳас ном бурда шудааст, ки қарор аст дар мусобиқаҳои аспдавонӣ ширкат кунад.

Тасмим дар ин бора баъд аз машваратҳои тулонии шоҳ Абдулло бо раҳбарони мазҳабӣ ва аъзои ҳукумат гирифта шуд ва он ба баҳсҳои байнулмилалӣ дар мавриди бар асари поймолсозии ҳуқуқҳои занон аз ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум сохтани дастаи миллии Арабистони саудӣ хотима мегузарад.

Иҷозаи ширкати занон дар Олимпиадаи Лондон – як бахши ба тадриҷ тайғир кардани ҷомеъаи Арабистони саудӣ маҳсуб мешавад. Аз ин пештар шоҳ Абдулло ба ҳузури занҳо дар Маҷлиси Шӯро, як ниҳоди машваратии кишвар розӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG