Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон амали низомиёни Сурияро "ғайри қобили қабул" хонд


Вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон Димишқро барои нобудсозии ҳавопаймоии ҷангии Туркия маҳкум кард ва амали низомиёни Сурияро ғайри қобили қабул номид. Дар изҳороти хонум Клинтон дар ин бора гуфта шудааст, ки ин боз як намунаи беэҳтиромӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ, сулҳ ва амният аз сӯи мақомоти Сурия аст.

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу изҳор карда буд, ки ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии байнулмилалӣ ва бидуни ҳушдор ҳадафи тирборон қарор гирифт. Ӯ ҳамчунин иқрор кард, ки шояд ҳавопаймо иштибоҳан ба ҳарими ҳавоии Сурия ворид шуда бошад.

Айни ҳол ҷустуҷӯи халабонҳои ҳавопаймои ҷангӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG