Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Маҳмудӣ ба Либия истирдод шуд


Ал-Маҳмудӣ ва нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко (акс аз бойгонӣ)
Ал-Маҳмудӣ ва нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко (акс аз бойгонӣ)
Ҳукумати Тунис нахуствазири собиқи Либия дар замони қудрати Муаммар Қаззофиро ба Троблус истирдод кард. Ба иттилои расонаҳои хабарии ду кишвар, Алӣ Бағдодӣ Ал-Маҳмудӣ рӯзи якшанбе тавассути ҳавопаймо аз Тунис ба пойтахти Либия оварда шуд. Вазорати дифои Либия хабар дод, ки Ал-Маҳмудӣ ба маҳбас интиқол дода шудааст.

Алӣ Ал-Маҳмудӣ охирин рӯзҳои қудрати Қаззофӣ ба Тунис фирор кард. Ӯ аз сӯи нерӯҳои амниятии Тунис 21 сентябри соли гузашта дастгир шуда буд.
XS
SM
MD
LG