Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск нозирони САҲА-ро ба интихобот даъват мекунад


Лидия Ермошина
Лидия Ермошина
Белорусия ба интихоботи навбатии парлумонӣ нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро даъват хоҳад кард.

Раиси Комиссиюни марказии интихоботӣ Лидия Ермошина ба яке аз шабакаҳои телевизионии Белорусия гуфт, ки дар ин бора раҳбарияти сиёсии кишвар тасмим гирифтааст. Ҳамзамон хонум Ермошина афзуд, ӯ ба ҳисоботи воқеъбинонаи нозирон умедвор нест, зеро "санади ниҳоии САҲА дар бораи ҷараёни интихобот аз рӯи хости ИМА таҳия хоҳад шуд". Ба гуфтаи раиси КМИ, аҳзоби мухолиф, ки алҳол мавзӯъи таҳрими интихоботро баррасӣ мекунанд, дар ин маърака ширкат хоҳанд дошт, дар акси ҳол, онҳо аз сармоягузории кишварҳои хориҷӣ маҳрум мешаванд.

Қарор аст, ки интихоботи парлумонии Белорусия рӯзи 23 сентябр баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG