Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо ба пирӯзии Мусрӣ дар интихоботи Миср


Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Миср ва пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ номзади ҳизби исломгароён дар он вокуниш нишон медиҳад. Давлати Исроил гуфтааст, ин “раванди демократӣ дар Мисрро қабул дорад ва ба натиҷаҳои он эҳтиром мегузорад”. Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, кишвараш “умедвор аст, ки ҳамкорӣ бар асоси созиши сулҳ миёни ду кишвар идома хоҳад кард”. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё Муҳаммад Мурсиро табрик карда ва ин рӯзро “лаҳзаи таърихӣ барои Миср” хонда ва аз даъват кардааст, бо “бунёди пулҳо дар ҷомеаи Миср, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.” Вазорати умури хориҷии Эрон низ мисриҳоро бо пирӯзии номзади исломгаро табрик намуда ва гуфтааст, Миср ба саҳнаи ниҳоии “бедории исломӣ” расидааст.
XS
SM
MD
LG