Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ дар интихоботи Миср пирӯз шудааст


Кумиссиёни марказии интихоботии Миср эълом кард, ки Муҳаммад Мурсӣ, номзади ҳизби исломгарои Ихвон-ул-Муслимин раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар мешавад. Муҳаммад Мурсӣ дар даври дуввуми интихобот дар рӯзи 17 июн 51, 7 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст ва Аҳмад Шафиқ, генерал ва нахуствазири собиқ дар охирин рӯзҳои аҳди Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешин 48, 3 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Баъди эъломи натиҷаҳои интихобот даҳҳо ҳазор аз тарафдорони Мурсӣ бо шодиву хушҳолӣ пирӯзии ӯро дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира таҷлил карданд. Интихоботи рӯзи 17 июн, нахустин интихоботи озоди Миср, мардуми ин кишварро ба ду ҷабҳа тақсими кард, ки як бахши он бим доштанд, низомиёни ҳоким дар Миср, шеваи ҳукмронии Ҳуснӣ Муборакро бармегардонанд ва бахши дуввум, ки Муҳаммад Мурсӣ, қавонини исломро ба низоми сиёсӣ ворид мекунад. Ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Миср, дар интихобот 51, 8 дар сади мардум ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG