Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон раводид бо Туркияро лағв мекунад?


Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли Маҳмадалӣ Ватанов, вакили порлумони Тоҷикистон навиштааст, ки масъалаи лағви раводид миёни кишвар ва Туркия дар Маҷлиси Намояндагон баррасӣ мешавад. Ба навиштаи хабаргузорӣ Маҳмадалӣ Ватанов дар ин бора зимни мулоқоташ бо раҳбари Утоқи тиҷоратӣ ва саноатии Туркия дар Истанбул сухан гуфта ва афзудааст, умедвор аст, масъалаи мазкур дар ояндаи наздик ҳал шавад. Фоиқ Явуз раҳбари ин утоқ гуфтааст, табодули мол миёни Тоҷикистону Туркия солона 500 миллион долларроо ташкил медиҳад ва барои афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ муҳим аст, то маҳдудиятҳои воридоти мол ва раводид миёни ду тараф аз байн бардошта шавад. Ҳузури ширкатҳо ва тоҷирони туркӣ дар Тоҷикистон сол то сол бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG