Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ президенти Миср эълон шуд


Иду шодмонии тарафдорони Мурсӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира. Шоми 24-уми июн.
Иду шодмонии тарафдорони Мурсӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира. Шоми 24-уми июн.

Кумисюни интихоботии Миср номзади "Ихвонулмуслимин"-ро ғолиби интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом кард,

Бино бар эълони кумисюни марказии интихоботии Миср номзади ҳизби исломгарои Ихвонулмуслимин" Муҳаммад Мурсӣ дар даври дуввуми интихобот дар рӯзҳои 16 ва 17 июн 51,7 дар сад ва Аҳмад Шафиқ, генерал ва охирин нахуствазири аҳди Ҳуснӣ Муборак, андаке бештар аз 48,3 дар сади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Ба гуфтаи кумисюн, дар интихобот 51,8 дар сади мардум ширкат кардаанд.

Натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар ҳоле эълон шуданд, ки ҳарду номзад худро ғолиюи интихобот медонистанд ва натиҷаҳо мебосит 21-уми июн ҷамъбаст мешуд. Таъхир дар эълони натиҷаҳои интихобот сабаб гашт, ки ҳазорон тан аз тарафдорони ҳарду номзад дар Қоҳира ҷамъ омада, мунтазири эъломи натиҷаҳо шаванд.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки нахустин интихоботи озоди Миср шумурда мешавад, мардуми ин кишварро ба ду ҷабҳа тақсим кард. Қисма бим доранд, ки агар Шафиқ пирӯз шавад, низомиёни ҳоким дар Миср, шеваи ҳукмронии Ҳуснӣ Муборакро эҳё мекунанд ва қисми дигари мардум дар ҳаросанд, ки ғалабаи Мурсӣ, қавонини исломро ба низоми сиёсӣ ворид хоҳад кард.

ШОДМОНИИ ТАРАФДОРОНИ МУРСӢ

Даҳҳо ҳазор нафар аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин, ки тайи чанд рӯз дар майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Қоҳира мунтазири натиҷаҳои интихобот менишастанд, бо шодиву хушҳолӣ пирӯзии ӯро дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира таҷлил карданд. Тазоҳуроти густарда дар ҳамин майдон ва қиёмҳои мардумии соли гузашта дар ҳамин ҷо сабаби суқути президент Ҳуснӣ Муборак шуд, Акнун вақте ки хабари ғалабаи Мурсӣ ба майдон расид, аҳли он бо парчамафшонӣ ва оташбозиву задани табл аз ин пирӯзӣ таҷлил карданд. Ҳанӯз вокуниши Аҳмад Шафиқ, маълум нест вале ӯ гуфтааст, ки қарори кумиссиёни интихоботиро хоҳад пазируфт.

Телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки маршал Ҳусейн Тантавӣ, раиси Шӯрои нерӯҳои мусаллаҳи ҳоким бар Миср, Муҳаммад Мурсиро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфтааст. Ҳамин шӯро чанде пеш салоҳиятҳои иҷрояи худро афзуда, салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро коҳиш дод. Дар майдони Таҳрир алайҳи иқдомот барои тақвияти қудрати ин шӯро, ки баъди суқути Муборак, ҳукуматро ба даст гирифт шиор медоданд.

Дар Навори Ғазза, фаластиниҳо пирӯзии Муҳаммад Мурсиро бо тирандозӣ ба ҳаво таҷлил карданд. Гурӯҳи Ҳамос, ки як шохаи Ихвон-ул-Муслимин аст, Навори Ғаззаро таҳти назорат дорад.

БАРНОМАИ СИЁСИИ ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ МИСР

Муҳаммад Мурсӣ, ки дар аҳди Ҳуснӣ Муборак зиндонӣ шуда буд, баъди 16 моҳи суқути ӯ дар қиёмҳои мардумӣ ба ҷойи Ҳуснӣ Муборак менишинанд. Мурсӣ, муҳандиси 60-сола, қавл додааст, ки ҳукумати фарогире дар Миср таъсис хоҳад дод. Қарор буд, натиҷаҳои интихоботро рӯзи панҷшанбеи гузашта эълом кунанд, аммо бинобар шикоятҳои ҳарду номзад аз қонуншиканиҳо дар интихобот эъломи натиҷаҳо ба таъхир афтод.

Эссом ал-Ориан, яке аз раҳбарони Ихвонулмуслимин гуфт, ислоҳоти демократӣ дар Миср идома хоҳад кард: Ҳар кас бояд бовар дошта бошад, ки мо ислоҳоти демократиро оғоз кардаем. Он давом мекунад. Мо дар ин кишвар ниҳодҳоро таъсис медиҳем ва ниҳодҳоеро, ки Шӯрои низомӣ барҳам дода буд, барқарор мекунем.”

ВОКУНИШҲОИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Миср ва пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ номзади ҳизби исломгароён дар он вокуниш нишон медиҳад. Давлати Исроил гуфтааст, ин “раванди демократӣ дар Мисрро қабул дорад ва ба натиҷаҳои он эҳтиром мегузорад”. Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, кишвараш “умедвор аст, ки ҳамкорӣ бар асоси созиши сулҳ миёни ду кишвар идома хоҳад кард”.

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё Муҳаммад Мурсиро табрик карда ва ин рӯзро “лаҳзаи таърихӣ барои Миср” хонда ва аз даъват кардааст, бо “бунёди пулҳо дар ҷомеаи Миср, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад.” Вазорати умури хориҷии Эрон низ мисриҳоро бо пирӯзии номзади исломгаро табрик намуда ва гуфтааст, Миср ба саҳнаи ниҳоии “бедории исломӣ” расидааст.
XS
SM
MD
LG