Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селу обхезӣ 37 нафарро дар Афғонистон кушт


Мақомоти Афғонистон ва Созмони Милал мегӯянд, селу обхезиҳо баъд аз боронҳои пай дар пай дар саросари кишвар дасти кам 37 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро бенишон кардааст. Бештар аз 100 хонаву садҳо гектар заминҳои кишт ва чорвои зиёди мардуми фақир низ аз байн рафтааст. Абдулҳай Хатибӣ, сухангӯи вилояти Ғӯр гуфт, дар чаҳор ноҳияи ин вилоят 24 нафар ҳалок шудаанд. Дар ноҳияи дурафтодаи Яфтали Бадахшони Афғонистон рӯзи ҷумъа 13 нафар бар асари ҷорӣ шудани сел ҷон додаанд. Муассисаҳои имдодии Созмони Милал мегӯянд, роҳҳои ноҳамвору вайроншуда дар натиҷаи сел ирсоли кӯмакҳои башарӣ барои мӯҳтоҷонро сахт кардааст.
XS
SM
MD
LG