Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса аз нимароҳи ЕВРО-2012 баргашт


Дар мусобиқоти Ҷоми Қаҳрамони Аврупо тими миллии футболи Испониё, рӯзи шанбе Фаронсаро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дод. Футболбозону мухлисони Фаронсаро ҳарду дафъа Шавӣ Алонсо, бозигари бомаҳорати дастаи Реал Мадрид, дар дақиқаи 20-ум ва сипас ба задани ҷаримаи 11 метрӣ дар дақиқаи 91-ум маъюс кард. Испониё бори аввал аст, ки дар ҳафт бозие ки то ҳол бо тими Фаронса, пирӯз мешавад. Акнун рақиби ояндаи Испониё, Португалия аст. Олмон рӯзи ҷумъа дар дастаи Юнонро 4 бар 2 бурд ва рӯзи якшанбе бо ғолиби бозии Англия ва Итолиё бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG