Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Туркияву Сурияро ба хештандорӣ даъват кард


Мақомоти Эрон дар робита ба суқут додани як ҳавопаймои ҷангии Туркия дар Сурия, аз ҳарду кишвар хостаанд, хештандорӣ нишон бидиҳанд. Матбуоти Эрон навиштааст, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷӣ, аз ҳарду тараф даъват кардааст, ба хотири амнияти минтақавӣ, роҳи ҳалли мусолиматомезро пеш бигиранд. Рӯзи ҷумъа, нерӯҳои ҳавоии Сурия як ҳавопаймои ҷангии Туркияро дар фарози Баҳри Миёназамин нобуд карданд, зеро ба гуфтаи мақомоти Сурия ҳавопаймо ба қаламрави ҳавоии он кишвар ворид шудааст. Туркия гуфтааст, убури марз шояд тасодуфӣ буд, вале ҳушдор додааст, ки амали Сурияро беҷавоб намегузорад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, рӯзи шанбе, Туркияро барои нишон додани хештандорӣ сутуд ва аз ҳарду тараф хост, масъаларо на аз роҳи низомӣ, балки дипломатӣ ҳал кунанд. То кунун сарнавишти халабонҳои ҳавопаймои низомии мавсум ба “Шабаҳ” маълум нест.
XS
SM
MD
LG