Пайвандҳои дастрасӣ

Миср мунтазири натиҷаҳои интихобот


Дар остонаи эъломи натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср ҳазорон нафар аз тарафдорони ду номзад ба ин мақом дар шаҳри Қоҳира ҷамъ омадаанд. Муҳаммад Мурсӣ, аз ҳизби исломгарои Ихвон-ул-Муслимин ва Аҳмад Шафиқ генерал ва нахуствазири собиқ дар рӯзҳои ахири аҳди Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср, ҳарду худро пирӯзи даври дуввуми интихобти раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 17 июн эълон кардаанд. Натиҷаҳои интихобот бо чанд рӯз таъхир эълом мешавад ва дар шаҳри Қоҳира, ки ҳазорон тан аз тарафдорони ҳарду номзад ҷамъ омада мунтазири эъломи натиҷаҳо ҳастанд, тадобири амнияти тақвият бахшида шудааст. Интихобот ҷомеаи Мисрро ду тақсим кардааст, ки аввалӣ аз бозгашти низоми ҳоким дар аҳди Ҳуснӣ Муборак метарсад ва дуввумӣ аз сари қудрат омадани исломгароёни Ихвон-ул-Муслимин.
XS
SM
MD
LG