Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии Испания баъди пирӯзӣ бар мунтахаби Фаронса бо ҳисоби 2:0 ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо роҳ ёфт.

Бозии севуми даври чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Испания ва Фаронса шаби 23-юми июн дар шаҳри Донетски Украина баргузор шуд.

Голҳо: Алонсо, 19 (1:0), Алонсо, 90 (2:0 – аз пеналтӣ).

Ҳамин тариқ, дастаи ғолиб - Испания пас аз Португалия ва Олмон севумин ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Аврупо-2012 гардид. Рақиби испаниҳо дар нимфинал мунтахаби Португалия мебошад.

Имшаб, 24-уми июн, дар бозии охирини даври чаҳорякниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Инглистон ва Италия дар шаҳри Киев рақобат мекунанд. Бозӣ соати 23:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Криштиан Роналду (Португалия) бо 3-голӣ пешсафанд. Аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес ва Криштиан Роналду бо натиҷаи якхелаи 4 (3+1) дар ҷойи аввал мебошанд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:


Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия – 1:0
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи А: 1. Ҷумҳурии Чех – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-5). 2. Юнон – 4 (3-3). 3. Русия – 4 (5–3). 4. Лаҳистон – 2 (2-3).

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португалия - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португалия – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португалия— Ҳолланд – 2:1
17 июн, 23:45 Дания — Олмон – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи В: 1. Олмон – 9 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Португалия – 6 (5-4). 3. Дания – 3 (4–5). 4. Ҳолланд – 0 (2-5).

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания – 0:1
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи С: 1. Испания– 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6 -1). 2. Италия – 5 (3-2). 3. Хорватия – 4 (4–3). 4. Ирландия – 0 (1-9).

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Украина — Фаронса – 0:2
15 июн, 23:45 Шветсия — Инглистон – 2:3
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса – 2:0
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи D: 1. Инглистон – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо - 5-3). 2. Фаронса – 4 (3-3). 3. Украина – 3 (2–4). 4. Шветсия – 3 (5-5).

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: Ҷумҳурии Чех— Португалия - 0:1
22 июн, 23:45 №2: Олмон — Юнон – 4:2
23 июн, 23:45 №3: Испания — Фаронса – 2:0
24 июн, 23:45 №4: Инглистон — Италия (Киев)

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Португалия— Испания (Донетск)
28 июн, 23:45 Олмон — Ғолиби 1/4 (№4) (Варшава)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2 (Киев)

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG