Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон барои ислоҳот фурсати бештар мехоҳад


Ҳукумати нави эътилофии Юнон рӯзи шанбе гуфт, саъй хоҳад кард, барои ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши молиёт, ихтисори кормандони давлатӣ ба ин кишвар фурсати бештаре бидиҳанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аз Юнон хостаанд, дар ивази кӯмакҳои молӣ роҳи сарфаҷӯиро пеш гирифта ва харҷи буҷаи давлатиро кам кунад. Ҳукумати эътилофии Юнон гуфтааст, мехоҳад барои ин кор ду соли дигар ба онҳо фурсат диҳанд. Баёнияи мазкурро ҳукумати эътилофии мураккаб аз се ҳизб ба раҳбарии нахуствазир Антонис Самарас нашр кард, ки баъди ҷарроҳии чашмаш ба тозагӣ аз бемористон ҷавоб шудааст. Нозирони молии Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Марказии Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул, рӯзи душанбе барои ошноӣ бо харҷу дахл ва вазъи молии Юнон ба Афина мераванд. Василис Рапанос, вазири молияи Юнон, рӯзи ҷумъа аз ҳуш рафт ва ҳанӯз дар бемористон аст ва аз ҳамин сабаб натавонистааст, ба ҳайси аъзои ҳукумат савганди расмӣ адо кунад.
XS
SM
MD
LG