Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаравгонгирони тоҷиконро ҷазо хоҳанд дод


Мақомоти расмии Қирғизистон ваъда додаанд, ба онҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд, ҷазои сазовор хоҳанд дод. Ҳайъати мақомоти интизомии Қирғизистон бо раҳбарии Хурсанд Асанов, муовини вазири умури дохилии ин кишвар, рӯзи шанбе дар шаҳри Исфара, нооромиҳо дар вилояти марзии Ботканд ва қазияи гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Қубатбек Айбашов, сухангӯи ҳукумати вилояти Бодканд дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тарафи Қирғизистон ба ҳамкорони тоҷики худ дар бораи вазъ дар вилояти Бодканд, иттилоъ дода гуфт, ки дар инҷо назму тартиб барқарор шудааст, ва онҳое, ки бар хилофи қонунҳои кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд, боздошт шудаанд ва бар асоси қонун сазои аъмоли худро хоҳанд дид. Ва ингуна ҳодисаҳо набояд ба муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя осеб расонанд.” Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардаанд, ки қазияи се қирғизи бо иттиҳоми қочоқи симоб боздоштшуда дар Тоҷикистон, дурусту бетарафона таҳқиқ мешавад. Баъди боздошти ҳамин се нафар чанд гурӯҳе аз ҷавонон тайи се рӯзи гузашта бештар аз 21 шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифта, хостанд, то шаҳрвандони Қирғизистон раҳо карда шаванд. Аммо ҳамаи онҳо бо мусоидати мақомоти интизомии он кишвар беосеб раҳо карда шуданд.
XS
SM
MD
LG