Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамае дар Хорватия 8 тан кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳе дар Хорватия дасти кам 8 нафар кушта ва беш аз чиҳил тани дигар захмӣ шудаанд. Расонаҳои Ҷумҳурии Чех ва Хорватия мегӯянд, автобуси мусофирбари чехӣ дар субҳи шанбе, зимни ҳаракат аз шоҳроҳ хориҷ шуда ба садди канори он бархӯрда ва сипас чаппа шудааст. Ҳодиса дар 150 километрии шаҳри Загреб пойтахти Хорватия рух додааст ва хабаргузории расмии Ҷумҳурии Чех навиштааст, зоҳиран ронандаи автобусро хоб бурдааст. Пулис ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG