Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар майдони Таҳрири Қоҳира


Дар остони эьломи натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср, даҳҳо ҳазор нафар дар майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Қоҳира ҷамъ омадаанд. Ҳарду номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Миср, Муҳаммад Мурсӣ аз ҳизби исломгарои Ихвон-ул-Муслимин ва Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқ дар рӯзҳои ахири аҳди раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак, худро пирӯзи интихобот эълом кардаанд. Кумиссиёни марказии интихоботи Миср гуфтааст, ки натиҷаҳои даври дуввуми интихобот дар ҳафтаи гузаштаро қабл аз рӯзи якшанбе эълом мекунад. Тазоҳургарон дар майдони Таҳрир алайҳи Шӯрои Олии низомиёни ҳоким бар Миср эътироз доранд, ки ҳафтаи гузашта баъди пароканда кардани порлумони таҳти назорати исломгароён, салоҳиятҳои иҷроияи худро бештар карданд. Аммо Шӯрои Олӣ гуфтааст, ки ба талабҳои тазоҳургарон тан нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG