Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони филммонанди гаравгони собиқ


Абдулаҳад Атахонов, сокини деҳаи Кӯлканди Исфара, чӣ гуна ба дасти қирғизҳо "асир" уфтоданашро нақл кард.

Абдулаҳад Атахонов, сокини рустои Кӯлканди Исфара, яке аз 16 шаҳвранди Тоҷикистон аст, ки рӯзи 21-уми июн ба дасти гурӯҳе аз сокинони вилояти Бодканди Қирғизистон "асир" афтоданд.

Ин гурӯҳ мехост, ба ин васила се шаҳрванди Қирғизистонро, ки бо гумони қочоқи симоби сурх дар Исфара боздошт шудаанд, раҳо кунанд. Аммо бо мусоидати мақомоти вилояти Бодканд ин 16 гаравгони тоҷик раҳо ва ба зодгоҳашон фиристода шуданд.

Абдулаҳад Атахонов нақл мекунад, ки агарчӣ гаравгонгирон бо ӯву ҳамроҳонаш бадрафторие накарданд, аммо худи ҳодиса барояшон тарснок буд: “Бо мо муносибати дағалона накардаанд, ягон хел зӯроварӣ накарданд, фақат телефон карда наметавонистем, чунки онҷо тамос гирифта намешавад, мавҷ нест. Мо рӯҳан азоб мекашидем, агарчӣ ҳеҷ осеб нарасонида бошанд ҳам. Об, ғизо, ҳамаро ташкил мекарданд, вале чизе набошад ҳам, метарсидем, чун дар кишвари ҳамсоя бори аввал ба ин ҳодиса дучор шудем.”

Ҷаноби Атаханов дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, гурӯҳи сокинони Бодканд онҳоро бо мошини худашон ба "гараж" бурда ва гуфтаанд, бояд барои раҳоии се шаҳрванди Қирғизистон аз дасти мақомоти тоҷик кумак кунанд: "Бо мошини худамон гирифта рафтанд. Ба он ҷо рафтем, як гараж будааст, тақрибан се гектар ҷо. Гирдашро девори бетонӣ гирифтаанд. Онҳо гуфтанд, ки бародарон, як ҳодиса шудааст. Мисли Шумо як савдогар ва нафари ба мо наздик дар Исфара боздошт шудааст. Шумо бояд кумак кунед, ки ӯро озод кунанд. Баъд мӯйсафедон, коргарони ҳифзи ҳуқуқ омаданд. Инчунин додситони Бодканд омад ва ба мо гуфт, ки Шумо ба зудӣ аз ин ҷо меравед. Ба яке аз он бачаҳо гуфтанд, ки агар падари туро дар Исфара боздошт карда бошанд, инҳо чӣ гуноҳ доранд. Агар падари ту бегуноҳ бошад, озод мешавад. Агар инҳоро дошта истӣ, муносибати байни давлатҳо халалдор мешавад. Мо тақрибан чаҳор ё панҷ соат дар он ҷо будем."

Мусоҳиба бо Абдулаҳад Атохоновро ҳамкори мо Маъсуми Муҳамадраҷаб дар деҳаи Кӯлканди Исфара анҷом додааст, ки шакли комилашро дар ин ҷо бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG