Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳикояти гаравгони собиқи тоҷик дар Ботканд


Абдуаҳад Атахонов, як ронандаи тоҷик, ки ҳамроҳи 15 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати гурӯҳе дар Қирғизистон раҳо шудааст, мегӯяд, рӯзи сахтеро пушти сар кард. Абдуаҳад Атахонов, сокини деҳаи Кӯлканди ноҳияи Исфараи ҳаммарз бо Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ гаравгонгирон бо ӯву ҳамроҳонаш бадрафторие накардаанд, аммо худи ҳодиса барояшон тарснок буд: “Бо мо муносибати дағалона накардаанд, ягон хел зӯроварӣ накарданд, фақат телефон карда наметавонистем, чунки онҷо алоқа карда намешавад, мавҷ нест, мо рӯҳан азоб мекашидем, агарчӣ ҳеҷ осеб нарасонида бошанд ҳам. Об мегуфтем, хӯрока ҳамаро ташкил мекарданд, вале чизе набошад ҳам, метарсидем, чун дар кишвари ҳамсоя бори аввал ба ин ҳодиса дучор шудем.” Рӯзи 21 июн гурӯҳи 10-12 нафарии ҷавонони қирғиз 16 шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифта ва хостаанд, то се шаҳрванди Қирғизистонро, ки бо иттиҳоми қочоқи симоб дар Тоҷикистон боздошт кунанд, раҳо намоянд. Тамоми ин гаравгонон баъди насиҳати бузургсолону мақомоти интизомӣ раҳо карда шуданд.
XS
SM
MD
LG