Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тими миллии Олмон баъди пирӯзӣ бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 4:2 ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфт.

Бозии дувуми даври чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Юнон шаби 22-юми июн дар шаҳри Гдански Лаҳистон баргузор шуд. Голҳо: Лам (39, 1:0), Самарас (55, 1:1), Хедира (61, 2:1), Клозе (68, 3:1), Райс (74, 4:1), Салпингидис (89, аз пеналтӣ, 4:2)

Ҳамин тариқ, дастаи ғолиб - Олмон пас аз Португалия дувумин ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Аврупо-2012 гардид. Рақиби олмониҳо дар бозии охирини чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Инглистон ва Италия шаби 24-уми июн муайян хоҳад шуд.
Имшаб, 23-юми июн, дар бозии севуми даври чаҳорякниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Испания ва Фаронса дар шаҳри Донетск рақобат мекунанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Криштиан Роналду (Португалия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания), Сеск Фабрегас (Испания), Петр Йирачек (Ҷумҳурии Чех), Микаэл Крон-Дели (Дания) ва Златан Иброҳимович (Шветсия) дуголӣ задаанд. Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес ва Криштиан Роналду бо натиҷаи якхелаи 4 (3+1) дар ҷойи аввал мебошанд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия – 1:0
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи А: 1. Ҷумҳурии Чех – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-5). 2. Юнон – 4 (3-3). 3. Русия – 4 (5–3). 4. Лаҳистон – 2 (2-3).

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португалия - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португалия – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португалия— Ҳолланд – 2:1
17 июн, 23:45 Дания — Олмон – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи В: 1. Олмон – 9 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Португалия – 6 (5-4). 3. Дания – 3 (4–5). 4. Ҳолланд – 0 (2-5).

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания – 0:1
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи С: 1. Испания– 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6 -1). 2. Италия – 5 (3-2). 3. Хорватия – 4 (4–3). 4. Ирландия – 0 (1-9).

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Украина — Фаронса – 0:2
15 июн, 23:45 Шветсия — Инглистон – 2:3
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса – 2:0
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи D: 1. Инглистон – 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо - 5-3). 2. Фаронса – 4 (3-3). 3. Украина – 3 (2–4). 4. Шветсия – 3 (5-5).

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: Ҷумҳурии Чех— Португалия - 0:1
22 июн, 23:45 №2: Олмон — Юнон - 4:2
23 июн, 23:45 №3: Испания — Фаронса (Донетск)
24 июн, 23:45 №4: Инглистон — Италия (Киев)

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Португалия— Ғолиби 1/4 (№3) (Донетск)
28 июн, 23:45 Олмон — Ғолиби 1/4 (№4) (Варшава)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2 (Киев)

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG