Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия гуфт, амали Сурияро беҷавоб намегузорад


Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, кишвараш қазияи суқути ҳавопаймои ҷангӣ аз тарафи нерӯҳои Сурияро беҷавоб нахоҳад гузошт. Хабаргузории расмии “Анатолия”-и Туркия аз қавли Абдулло Гул навиштааст, баъди ин ҳодиса ҳар коре, ки зарур аст, “карда хоҳад шуд”. Маълум нест, ки раиси ҷумҳури Туркия дар куҷо дар ин бора сӯҳбат кардааст, вале гуфтааст, парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо суръати баланд ва убури марз аз тарафи онҳо дар масофиаи кӯтоҳ як кори маъмулист. Ба гуфтаи Абдулло Гул, таҳқиқот маълум хоҳад кард, ки ҳавопайморо дар қаламрави ҳавоии Туркия задаанд ва ё дар Сурия? Раиси ҷумҳури Туркия афзудааст, кишвараш бо Сурия доир ба ҳодиса иртиботи телефонӣ доранд ва ҷустӯҷуи халабонҳои бенишоншуда идома дорад. Пештар аз ин ҳукумати Туркия саранҷом таъйид кард, ки ҳавопаймоии ҷангии кишвар рӯзи ҷумъа ба дасти нерӯҳои Сурия дар фазои Баҳри Миёназамин сарнагун шудааст.
XS
SM
MD
LG