Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои Туркия саранҷом таъйид шуд


Ҳукумати Туркия саранҷом таъйид кард, ки як ҳавопаймоии ҷангии кишвар рӯзи ҷумъа ба дасти нерӯҳои Сурия дар фазои Баҳри Миёназамин сарнагун шудааст. Дафтари Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия дар ин бора баъди ҷаласаи фавқуллодаи ҳукумат ва артиши ин кишвар хабар дод. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон гуфтааст, ба маҳзи ин ки ҳама ҷузъиёъти ҳодиса мушаххас шавад, кишвараш иқдомоти лозимро хоҳад андешид. Амалиёти ҷустӯҷу ва наҷоти халабонҳои бенишоншуда идома доштааст. Артиши Туркия ҳеҷ чизе доир ба маъмурияти ин ҳавопаймои ҷангӣ нагуфтааст, аммо бино ба гузоришҳои телевизионҳои туркӣ, ин ҳавопаймо машғули парвози иктишофӣ будааст. Ҳодисаи мазкур ғолибан муносиботи Туркияву Сурияро бадтар хоҳад кард, чун раҳбарони Туркия аз Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия хостаанд, бинобар қиёмҳои мардумӣ дар ин кишвар аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG