Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Белорус хостанд, хабарнигорро раҳо кунад


Вазорати умури хориҷиии Лаҳистон аз ҳукумати Ҷумҳурии Белорус хостааст, хабарнигори боздоштшудаи рӯзномаи лаҳистониро раҳо кунад. Андрей Посзобут, хабарнигори “Газета Виборсза”-ро рӯзи 21 июн бо иттиҳоми паст задани шаъну шарафи Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус дар шаҳри Гродно дар марз бо Лаҳистон боздошт карданд. Мақомоти вазорати умури хориҷии Лаҳистон сафири Белорусро ба вазорат хонда аз ин амал эътироз кардаанд. Ба гуфтаи ҳукумати Лаҳистон ҳамингуна рафторҳои давлати Белорус сабаби дар инзиво мондану муносиботи бадаш бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупост. Соле пештар аз ин боздошт, Андрей Посзобути лаҳистонитаборро бо гуноҳи паст задани шаъну эътибори Александр Лукашенко ба як соли шартии зиндон маҳкум карда буданд.
XS
SM
MD
LG