Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фиристодаи хоси СММ ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия гуфт, Эрон дар ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия иштирок намояд.

Кофӣ Аннон, фиристодаи хоси Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи араб ба Сурия, гуфт, Эрон бояд дар талошҳои ҳаллу фасли бӯҳрони Димишқ ширкат кунад.

Ин ҳарфҳои Аннон як ҳафта пеш аз баргузории конфронси байнулмилалӣ матраҳ мешавад, ки қарор аст, ба манзури талош барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия баргузор гардад. Кофӣ Аннон мегӯяд, барои баргузории нишаст гурӯҳи тамос дар бораи Сурия дар Женева талош мекунад.

Фиристодаи хоси Созмони Милал ва Лигаи кишварҳои араб ба Сурия дар нишасти хабарие хотирнишон кард, ки таркиби ҳозирон дар нишаст яке аз чолишҳо дар роҳи баргузории он аст. Ӯ гуфт, бояд кишварҳои дорои нуфуз бар ду тарафи бӯҳрони Сурия дар талошҳои барқарории сулҳ дар ин кишвар иштирок кунанд.

Пештар Иёлоти Муттаҳида ба дархости Русия дар бораи ширкати Эрон дар нишастҳое, ки барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия баргузор мешавад, ба шиддат мухолифат карда буд. Вашингтон Теҳронро, ки ҳампаймони низоми Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, аст, бахше аз ин кишвар медонад.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз давлати Сурия хост, барои иҷрои тарҳи сулҳи Кофӣ Аннон талоши бештаре аз худ нишон диҳад. Анон тарҳи сулҳи иборат аз шаш бандро барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия пешниҳод кард, ки оташбас миёни мухолифони мусаллаҳ ва нерӯҳои давлатӣ яке аз онҳост. Нозироне ҳам барои назорат бар иҷрои ин оташбас ба Сурия рафтанд. Аммо идомаи хушунатҳо ва қарор гирифтани ҷони нозирон дар хатар боиси ба таъхир уфтодани фаъолияти онҳо шуд.

Сергей Лавров пас аз гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Сурия ба телевизиони давлатии Русия гуфт, Димшиқ ҳозир аст, нерӯҳои низомии худро аз шаҳрҳо ва рустоҳо ҳамзамон бо ақибнишинии мухолифони мусаллаҳ берун кунад. Дар ҳамин ҳол, мухолифони Сурия аз кушта шудани камаш 25 нафар аз нерӯҳои амниятии вобаста ба давлати Сурия дар рӯзи ҷумъа (22-юми июн) хабар доданд. Телевизиони Сурия аммо дар ин бора гузориш дод, ки "гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист" 12 нафарро рабуда ва онҳоро куштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG