Пайвандҳои дастрасӣ

Ба мансабдори Сурия визаи Британия надоданд


Парчамҳои кишварҳои шарик дар бозиҳои олимпии Лондон

Парчамҳои кишварҳои шарик дар бозиҳои олимпии Лондон

Расонаҳои Британия хабар медиҳанд, ки ин кишвар ба раиси Кумитаи миллии олимпии Сурия Муваффақ Ҷумъа раводиди сафар ба бозиҳои олимпии Лондонро надодааст.
Ба навиштаи рӯзномаи “Гардиан” чопи Лондон, Ҷумъа ҳафтаи гузашта дархости раводид ва ҳузур дар бозиҳои олимпиро матраҳ кард, вале дархости ӯ рад шуд. Ҷумъа-яке аз муттафиқони наздики президенти Сурия Башор ал-Асад ба шумор рафта, Иттиҳодияи Аврупо ӯро дар рӯйхати мансабдороне шомил кардааст, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави ин Иттиҳодияро надоранд.
Дар ҳамин ҳол сарвазири Британия Дейвид Камерон гуфтааст, ки кишвараш аз пазироии варзишгарони Сурия ҳушҳол хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG