Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввал варзиш ё зиндагии хусусӣ?


Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик бо оилааш

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик бо оилааш

Муваффақиятҳои варзишгарони тоҷик, ки боиси ифтихори мардуми Тоҷикистонанд, гоҳо ба қимати зиндагии хусусиашон даст медиҳад.

Як варзишгарро зарур аст, ки барои расидан ба пирӯзӣ дар мусобиқаҳои дохиливу байнулмилалӣ аввал нақшаи муваффақияти ҳирфаӣ ва сипас танзими ҳаёти шахсии худро кашад.

Бо муштзани машҳур Ҷаҳон Қурбонов мо дар толори варзишии оддӣ ва дур аз меъёрҳои байнулмилалӣ дар шаҳри шимолии Тоҷикистон - Хуҷанд вохӯрдем. Комёбиҳои ӯ дар бокс, аз ҷумла қаҳрамонии Осиё маҳз аз ҳамин толор оғоз шудааст. Вай мегӯяд, пирӯзиву муваффақиятҳо ва ҳатто бохту мағлубиятҳои ӯ ба қимати дурӣ аз наздиконаш даст медиҳанд: "Вақте муддати дароз дар хориҷа бошам ва ё дар дохил ҳам ба тамринҳо машғул шавам, ёди наздикон мекунам. Агар як то ду моҳ дур монам хеле падару модар, фарзандон ва ҳамсарамро пазмон мешавам."

Як гӯштигири машҳур, ки ҳамчунин дар сатҳи ҷаҳон маъруфият пайдо карда, ҳоло ба Олимпиадаи Лондон омодагӣ мебинад, қаблан дар сӯҳбате ба мо гуфта буд, ки мураббиёнаш давоми ду сол ӯро нагузоштанд оиладор шавад. Ҳамчунин намегузоштаанд, ки то мусобиқот ӯ ба ҳамсараш наздик шавад. Ӯ як соли пеш оиладор шудаву ҳоло дар 26-солагӣ интизори фарзанди нахустин аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳаи варзиш мегӯянд, таҷрибаи дур нигоҳ доштани варзишгарон аз оила мероси замони шӯравист, дар ҳоле ки дар кишварҳои ғарбӣ варзишгарон ба мусобиқаҳо ҳатто бо аҳли оилаи худ мераванд. Ба қавли онҳо, як далели боқӣ мондани ин таҷриба дар Тоҷикистон вазъи молии варзишгарон аст, ки наметавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ нерӯи худро барқарор кунанд.

Рустам Абдуллоев, мураббии варзиши сабуки Тоҷикистон мегӯяд, барои барқарор шудани нерӯи як варзишгар, ки пас аз як ҷанҷоли оилавӣ таҳти таъсири равонӣ қарор мегирад, се-чор рӯз зарур аст. Вай афзуд, гоҳо ин ҳолат дар пайи мушкилоти молиявӣ ҳам пеш меояд: "Масалан, барои чӣ варзишгарон мекӯшанд, ки барои тамрин ба хориҷа раванд? Ин танҳо ба хотири он нест, ки он ҷо шароит беҳтар аст, балки барои он ҳам ҳаст, ки варзишгарон аз оилаҳои худ дуртар бошанд. Оилаҳои моро медонед, ки бидуни мушкилу ҷанҷолҳо нестанд. Ҳамаи оилаҳо чунин нестанд албата, аммо ҳастанд оилаҳое, ки дар онҳо зиёд даъво мешавад. Варзишгарон дур аз оила танҳо метавонанд тариқи телефон тамос гиранд, аммо дурӣ онҳоро хоҳу нохоҳ аз мушкилоти оилавӣ дур медорад."

Аз 15 варзишгари Тоҷикистон, ки ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтаанд, аксарият ҳанӯз оиладор нашудаанд. Ин вазъ аз ҷумла мӯҷиби нигаронии волидайни онҳо шудааст.

Нахшонбӣ Қурбонова, модари Мавзуна Чориева, қаҳрамони Осиё оид ба бокс дар миёни занон ва аввалин зани ҷоизадори тоҷик дар ин намуди варзиш, ки асосан хоси мардон аст, мегӯяд, ягон зарра мухолифи муваффақиятҳои духтараш нест, аммо ӯ моҳи октябри соли равон 20-сола мешавад ва мехоҳад, ки духтараш соҳиби оилаи худ бошад:

Мавзуна Чориева, муштзан

Мавзуна Чориева, муштзан

"Кадом модар ин орзуро надорад? Шабҳо дар болини хоб ҳафтод бор хона рост мекунаму вайрон мекунам, ки ояндаи ӯ хуб шавад. Аввал, орзу дорам, ки духтарам бо сари баланд ва рӯи сурх аз Лондон сиҳату саломат баргардад. Дигар ин, ки барои Мавзуна ман ҳам падар ва ҳам модар ҳастам. Оилаи ободи ӯро мехоҳам. Ҳама умеди ман ба Мавзуна аст", - гуфт ӯ.

Хонум Қурбонова мегӯяд, ҳоло дари ӯро низ хостгорҳо мекӯбанд ва мунтазири посухи духтараш ҳастанд. Худи Мавзуна дар посух ба ин суол, ки «оё дил ба касе бастааст?» гуфт, аз шарм медорад, дар ин бора сӯҳбат кунам, вале иқрор шуд, ки дар гузашта барояш муҳимтар аз ҳар чизи дигар буд, аммо ҳоло на.

"Акнун аввал барои ман аввал зиндагии шахсӣ аст, пас варзиш. Пеш чунин фикр надоштам. Акнун ки сол ба сол зиндагиро беҳтар мефаҳмам, ба ҳамин хулоса расидаам", - гуфт Мавзуна Чориева.

Эмилия, духтари шиновар Екатерина Измайлова

Эмилия, духтари шиновар Екатерина Измайлова

Варзишгарони муҷаррад ё бефарзанд мегӯянд, ки орзу доранд барояшон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ фарзандонашон ҳаводорӣ кунанд. Дар ҳоле, ки гӯштингир Парвиз Собиров ва таэквондочӣ Фарҳод Неъматов мунтазири ба дунё омадани фарзанди нахустин ҳастанд, ба Дилшод Назаров ду духтари чору ҳафтсолааш мухлисӣ мекунанд. Духтари гӯштигир Расул Боқиев як солро пур кардаст. Писари Ҷаҳон Қурбонов нав 4-сола ва духтараш 2-сола мешаванд ва ба қавли модарашон, ҳанӯз сарфаҳм намеравад, ки падари онҳо бо чӣ кор машғул аст. Барои Екатерина Измайлова, шиновари 35-сола, ки низ ба Олимпиадаи Лондон роҳхат гирифтааст, духтари 5-солааш Эмилия мухлисӣ мекунад. Эмилия ҳангоми мусобиқот ба ҳавзи шиноварӣ ҳамроҳ бо падараш меояд: "Вақте мебинам, ки модарам шино дорад, фарёд мекунам: Катя! Модар, модар, ба пеш! Аммо худам аз шиноварӣ метарсам..."

Дар ҳоле ки мухлисон ба ҳунарнамоиҳои варзишгарон бо кафкӯбӣ ҳамраъйӣ нишон медиҳанд, наздикони онҳоро пайваста латхӯриву осеб бардоштани наздиконашон нороҳат мекунад.

Умедахон Қурбонова, хонуми Ҷаҳон Қурбонов, мегӯяд, аслан тобу тоқати тамошои қувваозмоиҳои ҳамсарашро тариқи телевизион надорад. Вай афзуд, ки хайрият, тариқи телевизион онҳоро намоиш намедиҳанд: "Дилам сахт месӯзад. Раҳмам меояд. Аз одамон мешунавем, ки бозиро бурдааст ё бохтааст. Амакҳои Ҷаҳон ё ягон хеши дигараш занг мезананду хабар медиҳанд."

Дар ҳамин ҳол, муносибати оилаҳои тоҷик ба варзиш бо арзишҳои милливу динӣ низ гиреҳ мехӯрад, аз ҷумла наздикон ба варзиш машғул шудани духтарони худро қабул надоранд. Аз 15 варзишгари тоҷик, ки ба Олимпиадаи Лондон роҳхат гирифтаанд, се нафар зан ҳастанд. Ду нафар – даванда Владислава Овчаренко ва шиновар Екатерина Измайлова рустаборанд, ба истиснои муштзан Мавзуна Чориева, ки тоҷик аст. Ба қавли модари Мавзуна, азбаски ӯ писар надошт, падари марҳумаш зиёд мехост, ки духтараш муштзан бошад.

Рустам Абдуллоев мегӯяд, варзишгарони ояндадор аз миёни духтарон дар варзиши сабук кам нестанд, аммо волидон ва бародарон дар либоси варзишӣ дидани онҳоро аслан қабул надоранд. Вай афзуд, ҳарчанд имкон дорад, ки онҳо дар либоси мусалмонӣ бо варзиш машғул шаванд, аммо инро ҳам мардум ба ин андеша, ки «зан чиву варзиш чӣ» қабул надоранд.

Екатерина Измайлова, қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон дар шиноварӣ мегӯяд, дар замони шӯравӣ як гуна ин анъанаҳо ва бинишҳои мардуми Тоҷикистон тағйир хӯрда буд, аммо солҳои ахир дар шиноварӣ духтарони тоҷик аслан то 14-солагӣ машғул мешаванду халос: "Ҳарчанд духтарони хеле боистеъдод ҳастанд, ки мешавад тарбия кард. Аммо чун бародари онҳо мебинад, ки хоҳараш бо писарон урён шиноварӣ мекунад, тоқат намекунад. Мавориде буд, ки бародарон хоҳаронро латукӯб карда бурда буданд. Духтарони ояндадори хуб бисёр буданд. Ҳамчунин волидон ба он хотир муқобили шиноварии духтаронанд, ки оби хунук ба онҳо - модарони оянда зиён мерасонад."

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо аз ҷумлаи мураббиён, варзишгарон ва наздикони онҳо ҳамагӣ бар ин назар ҳастанд, ки ба хотири пирӯзӣ ва боло бурдани шӯҳрату эътибори ватан меарзад азхудгузаштагиҳо кард, зеро варзишгар пеш аз он ки аз оилаи худ бошад, ба оилаи бузургтаре - як ватан тааллуқ дорад.

Шояд метавон ҳадс зад, ки бо тағйири фарҳанги парвариши варзишгарон ва ҷоизаҳои бузурге, ки имсол барои ширкаткунандагони бозиҳои олимпӣ раисиҷумҳур, ҳукумат, ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муайян кардаанд, вазъи рӯзгори варзишгарон тағйир кунад ва шароити накӯтари ҳаёти хусусиро барояшон тақдим дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG