Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи антеннаҳои моҳвора дар Гурҷистон


Антеннаҳои моҳвора, ки ба мардуми Гурҷистон бепул тақдим шудаанд

Антеннаҳои моҳвора, ки ба мардуми Гурҷистон бепул тақдим шудаанд

Баъди мусодираи тахминан 300 ҳазор антеннаи моҳвора дар саросари Гурҷистон мухолифин ҳукумати ин кишварро бо ҳамла ба озодии баён муттаҳам кардаанд. Антеннаҳои моҳвора дар чорчӯби тафтиши ба истилоҳ иттиҳоми овозхарии миллиардер Бидзина Иванишвилӣ-раҳбари эътилофи “Орзуи Гурҷӣ”, ба вуқӯъ пайвастааст. Моҳи равон Иванишвилӣ бо ҷурми хилофкорӣ дар сармоягузории маъракаи сиёсӣ ва аз ҷумла тақдими бепули антеннаҳои моҳвора ба маблағи 90 миллион доллар ҷарима шуд. Баъд ҷаримаро то 45 миллион доллар коҳиш доданд. Ба қавли мухолифин ҳукумати Гурҷистон саъй дорад, мардумро аз тамошои телевизиони Канали 9-уми зери тасарруфи Иванишвилӣ маҳрум кунад. Моҳи октябри соли равон дар Гурҷистон интихоботи парламентӣ доир хоҳад шуд, ки дар он эътилофи Иванишвилӣ кӯшиш хоҳад кард, ҳизби ҳокими зери раҳбарии президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилиро аз сари қудрат дур намояд.
XS
SM
MD
LG