Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бораи сабабҳои ҷанги солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон то ҳанӯз хулосаҳои ягона ташаккул наёфтаанд.

Иғво ва дахолати бегонагон, талоши мансабу қудрат, норасидагии миллӣ, худбиниҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ, ноомодагӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва чандин чизи дигар ба сифати сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон номбар мешаванд.

Ин дар ҳолест, сабабҳои низоъ аз лиҳози илмӣ омӯхта ва табақабандӣ нашудаанд. Дар осори гуногун, ки тайи ин солҳо ба нашр расидааст, ин ё он тараф сабабгори асосии ҷанг номида шуда, далелҳо ва рӯйдодҳо аз ин дидгоҳ матраҳ мешаванд.

Шояд гуногунии посухҳо, ки дар ин пурсиши видоеӣ мебинед, аз ҳамин осор ва бархӯрд маншаъ мегиранд. Эҳтимол на ҳамаи ақида ва андешаҳо дар ин навор бозтоб ёфтаанд ва шояд ақидаи Шумо дар ин бора дигар аст. Агар сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро медонед ва ё дар ин бора фикру назаре дореду дар ин навор мунъакис нашудааст, лутфан, дар бахши назарҳо дидгоҳи худро бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG