Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла болои меҳмонсарои канори Кобул хотима ёфт


Чархболҳои НАТО дар макони амалиёт

Чархболҳои НАТО дар макони амалиёт

Полиси афғон мегӯяд, ҳамлаи Толибон болои меҳмонсарои канори шаҳри Кобул баъди 12 соат хотима ёфт. Ба қавли полис дар ин ҳамла камаш 20 нафар ва аз ҷумла афроди мулкӣ ба ҳалокат расидаанд.
Шаби панҷшанбе силоҳбадастон ба меҳмонсарои канори кӯли Қарға ҳамла карда, даҳҳо нафарро ба гарав гирифтанд. Дар рафти амалиёти полис аксари гаравгонҳо раҳо шуданд.
Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта, гуфтаанд, ки ҳамла болои меҳмонсаро аз он сабаб раҳандозӣ шудааст, ки афғонҳои сарватманд ва хориҷиён дар он ҷо сархӯшӣ мекардаанд.
Нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО ба макони амалиёт чархбол фиристода, ба нерӯҳои афғон кумак расондаанд.
Меҳмонсарои дутабақаи Спожмай дар миёни афғонҳо маъруф буда, бисёриҳо дар шоми панҷшанбе, яъне оғози истироҳати охири ҳафта аз он зиёрат мекардаанд.
XS
SM
MD
LG