Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон барои мизбонии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2012 мубориза мебарад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Конфедератсияи футболи Осиё барои баргузории ин мусобиқа Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзодаро пешниҳод кардааст.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндаи АФК Ҷек Субраманиам Маникам, менеҷери шӯъбаи мусобиқот миёни бошгоҳҳои АФК, бо мақсади азназаргузаронии варзишгоҳҳое, ки барои баргузории сабқати ниҳоӣ пешниҳод шудаанд, рӯзи 26-уми июн ба Душанбе меояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон барои баргузор кардани ин мусобиқа таҷрибаи хуб касб кардааст. Соли 2009-ум дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК ва моҳи майи соли 2012-ум дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми раиси АФК дар гурӯҳи “С” дар сатҳи баланд баргузор шуда буданд.

Макони баргузории сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК, ки аз 24-ум то 30-юми сентябри соли равон баргузор мешавад, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи АФК муайян хоҳад шуд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон боз ду кишвар – Қирғизистон ва Камбоҷа барои мизбонии сабқати ниҳоӣ дархост додаанд. Бошгоҳҳои футболи ин ду кишвар - «Дордой»-и Қирғизистон ва «Пномпен Краун»-и Камбоҷа ба мисли “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар сабқати ниҳоии ҷоми раиси АФК-2012 ширкат меварзанд.

Дар сабқати ниҳоӣ боз се даста - «Тайван Пауэр Компани » (Тайван), «Озмоишгоҳҳои Хон» (Покистон) ва «Ал-Аммарӣ» (Фаластин) иштирок хоҳанд кард. Дар сабқати ниҳоӣ шаш даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад.
Ғолибони гурӯҳҳо барои Ҷоми раиси АФК ва 50 ҳазор доллари амрикоӣ талош хоҳанд кард. Ба дастае, ки дар бозии ниҳоӣ шикаст мехӯрад, 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Дастаҳои ширкаткунандаи сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012: «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Аммарӣ» (Фаластин), «Тайван Пауэр Компани» (Тайван), «Дордой» (Қирғизистон), «Пномпен Краун» (Камбоҷа), «Озмоишгоҳҳои Хон» (Покистон).

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) - 3:0
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) - 2:1, дар замони изофӣ
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) - 2:1
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 1:1, аз рӯи пеналти - 4:3
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 2:0
2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» - 1:0, дар замони изофӣ
2011 (Гаосюн, Тайван). “Тайван Пауэр Компани” (Тайван) - “Пномпен Краун” (Камбоҷа) – 3:2

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG