Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф нахуствазири нави Покистон мешавад


Роҷа Парвиз Ашраф
Роҷа Парвиз Ашраф
Эътилофи ҳокими Покистон Роҷа Парвиз Ашрафро ба мақоми нахуствазири ин кишвар пешбарӣ кардааст.Рӯзи ҷумъа маҷлиси поёнии парламенти Покистон, ки зери назорати ҳизби мардумии Покистон қарор дорад, аз номзадии Ашраф пуштибонӣ кард. Як рӯз пеш ин ҳизб Махдум Шаҳобуддинро ба мақоми нахуствазир пешбарӣ карда буд, вале ҳамагӣ чанд соат пас аз пешбарӣ додгоҳ ҳукми ҳабси Шаҳобуддинро содир кард.
Ба ақидаи додгоҳ Шаҳобуддин дар замони раҳбарии вазорати беҳдошт дар вуруди давои ғайриқонунӣ даст доштааст.
Ҳафтаи равон Додгоҳи Олии Покистон эълон кард, ки баъди монеагузорӣ ба таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ бар зидди президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ нахуствазири ин кишвар Юсуф Ризо Гилонӣ салоҳияти ишғоли курсии нахуствазирро надорад.
XS
SM
MD
LG