Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони "Зан ва замин": "Ҷоиза болои ҷоиза шуд"


Муҳаббат Маҳмадалиева

Муҳаббат Маҳмадалиева

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари созмони «Зан ва замин»-ро бо ҷоизаи махсуси "Экватор-2012" табрик кард.

Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор «Рио-20», ки дар Бразилия ҷараён дорад, ба намояндаи созмони «Зан ва замин» ҷоизаи махсус - «Таҷрибаи беҳтарин дар бахши амнияти ғизоӣ» дода шуд, ки он аз 20 ҳазор доллари амрикоӣ иборат аст.

Ин созмони тоҷикистонӣ дар асл барои гирифтани ҷоизаи "Экватор-2012" ба Бразилия даъват шуд, ки он аз панҷ ҳазор доллари амрикоӣ иборат буд.

Муҳаббат Мадалиева, раиси созмони "Зан ва замин"-и Тоҷикистон дар номааш ба «Озодӣ» навишт, ки "мо ҷоизаро гирифтем, ҷоиза болои ҷоиза шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ ҳунарманди Ҳолливуд Эдвард Нортон, мусиқанавози бразилӣ Гилберто Гил, дорандаи ҷоизаи «Нобел» Мухаммад Юнус, тоҷир Ричард Бренсон ва бисёр шахсиятҳои муҳими СММ ширкат доштанд. Ҷоизаро ба ман Сунита Нарайн — раҳбари кулли «Марказ барои илм ва мухити зист»-и СММ тақдим кард. Оиди фаъолияти мо беҳтарин суханҳо гуфта шуд. Гуфтанд, ки гурӯҳи хурди одамон қодиранд дунёро таъғир диҳанд. Ҳангоми супоридани ҷоиза тамоми кормандони «Барномаи ташаббуси «Экватор» аз хурсандӣ ашк рехтанд».

Муҳаббат Маҳмадалиева афзуд, фаъолияти онҳо ба таъмини амнияти ғизо ва коҳиши мизони камбизоатӣ равона шудааст.

Ба гуфти Муҳаббат Маҳмадалиева, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат надошт, аммо намояндаи расмии ҳукумати кишвар аз ин маросим мушоҳида мекард. Ӯ гуфт, баъди ҷоизагирӣ «раисҷумҳур бо ман мулоқот намуд ва маро табрик кард».

Акс аз расми эътои ҷоизаи "Экватор-2012"

Акс аз расми эътои ҷоизаи "Экватор-2012"

Созмони "Зан ва замин" яке аз 25 ғолиби ҷоизаи "Экватор-2012" аст, ки аз миёни 800 созмони 113 кишвар интихоб шудааст. Барномаи ташаббуси "Экватор" барномаи ҳамкории СММ, сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ буда, ба рушди ҷомеаҳои маҳаллӣ, коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ мешавад.

Ин барномаи СММ навоварӣ ва ташаббусҳои муфиди сокинони минтақа ва ҷамъиятҳоро, ки барои роҳҳали мушкили зиндагии инсонҳо ва табиат мусоидат мекунад, дастгирӣ намуда, ҳамасола ба 25 созмони дар ин самт махсусан фаъол ҷоиза тақдим мекунад.

Дориюш Зитек, раҳбари минтақавии Акт Осиёи Миёна ба Радиои Озодӣ гуфт, "Зан ва замин" яке аз ҳамкорони дерина ва муваффақи онҳост, ки барои коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист барномаҳои мухталифро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. ​Ӯ гуфт, "муваффақиятҳои "Зан ва замин"-ро дар рушди устувори ҷомеаи тоҷик ба назар гирифта, онҳоро барои гирифтани ҷоизаи мазкур пешниҳод намуданд. Ин созмон барномаҳои муҳимро барои занон ва дастрасии онҳо ба замин амалӣ мекунад."

Созмони "Зан ва замин"-и Тоҷикистон чанд соли охир дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолияти густарда дорад. Ҷамила Баротова, сухангӯи ин созмон гуфт, "Зан ва замин" дар самти нигоҳдорӣ ва ба иқлим тобовар будани навъҳои маҳаллии тухмӣ, ҳифзи ҷангалзорҳо, таъмини амнияти озуқа, мутобиқшавии кишоварзон ба тағйирёбии иқлим монанди инҳо кор мекунад."
Бино ба иттилои радиои Созмони Милал, Муҳаббат Мадалиева аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нахустин ғолиби ҷоизаи «Экватор 2012» дониста шудааст.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG