Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони "СМТ" 5-сола шуд


Зинаттуло Исмоилов, раҳбари телевизиони "СМТ"
Зинаттуло Исмоилов, раҳбари телевизиони "СМТ"
Имрӯз дар Душанбе як ҳамоише оғоз ба кор кард, ки дар он мушкилоти таъсиси телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зинатуллоҳ Исмоилов раиси телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, дар ин ҳамоиш мушкилоти таъсиси телевизионҳои мустақил дар намунаи СМТ баҳс хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Исмоилов ҳамзамон масъалаи пахши телевизионҳои мустақил ба шакли рақамиро сӯҳбат хоҳанд кард.

Дар ин ҳамоиш раҳбарияти нашрияву расонаҳои хабарии Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиноносони мустақил ширкат ва масоили мазкурро баҳсу баррасӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Исмоилов, мушкили аслӣ дар таъсиси телевизиони мустақил марбут ба шаффофият дар дарёфти муҷаввиз, нашр ва таъсиси барномаҳо аст.
Феълан дар Тоҷикистон 28 телевизиону радиоҳои ғайридавлатӣ фаъол аст. Телевизиони СМТ нахустин телевизиони мустақил аст, ки дар Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият дорад. Ҳамоиши марбут ба мушкилоти таъсиси телевизионҳои мустақил дар робита ба 5 солагии таъсиси СМТ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG