Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз порламони Покистон нахуствазир интихоб мекунад


Махдум Шаҳобуддин
Махдум Шаҳобуддин
Интизор меравад, ки имрӯз порламони Покистон ба ҷои Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири барканоршуда номзади дигареро нахуствазир интихоб кунад. Аммо дирӯз қозиёни додгоҳ дастури боздошти Махдум Шаҳобуддин-номзади Ҳизби мардумии Покистон ба ин мақомро содир кардаанд. Ин ҳизб дар порламон аз аксарияти оро бархӯрдор аст.

Чанд соат пеш аз дастури боздошти Шаҳобуддин Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон вайро ба мақоми нахуствазири нав пешбарӣ кард. Дастури боздошт ба қочоқи доруҳо дар замони кори Шаҳобуддин дар мақоми вазири беҳдошт иртибот доштааст.

То ҳол рӯшан нест, ки дастури боздошт метавонад Шаҳобуддинро аз номзадӣ боздорад ё хайр. Шаҳобуддин ҳоло вазири бофандагист. Бо пешниҳоди президент зардорӣ Шаҳобуддин бояд ба ҷои Юсуф Ризо Гелонӣ нахуствазир интихоб шавад. Додгоҳи Олӣ Ризо Гелониро аз салоҳияти нахуствазирӣ маҳрум кард, зеро вай нахостааст бар зидди раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ дубора парвандаи ришвахорӣ боз кунанд.
XS
SM
MD
LG